Макгрегор аз муҳорибаҳо барканор шуд

Варзишкори номии муҳорибаҳои омехтаи ирландӣ Конор Макрегор муддати зиёде аз муҳорибаҳо канор мемонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Варзишкор Конор Макгрегор ба наздикӣ ба майдагон бар намегардад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии MMAJunkie хабар медиҳад.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Феълан, маълум аст, ки Конорро ним сол аз бозиҳо маҳрум карданд.

Ба ин хулоса табибон омаданд, ки вазъи саломатии Макгрегорро арзёбӣ намуданд. Бино бар иттилои табибон, гумон меравад, ки ӯ чанд захми ҷиддӣ бардоштааст.

Гуфта мешавад, шояд Макгрегор  устухони почаашро лат дода бошад. Ҳамин тавр, варзишкорро бо далелҳои тиббӣ аз муҳорибаҳо муваққатан барканор карданд.

Конор дар ҳолате ба майдон баргашта метавонад, ки захмҳои ҷиддӣ набошанд ва дарҳол табобат шаванд.

Ёдрас мешавем, мушкилӣ бо саломатии Макгрегор дар пайи муҳорибааш бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба миён омад. Бори нахуст дар карйерааш, ирландӣ бо накаут бохт.

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

Конор дарҳол пас аз бозӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро ба "ҷанг" даъват кард ва гуфт, ки агар варзишкори русиягӣ баргардад, омода аст, боз бо вай муҳориба кунад.