ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Душанбе хатсайри нави троллейбус ба фаъолият оғоз мекунад, гузориш медиҳад шаҳрдории Душанбе.
Бино ба иттилои манбаъ, аз 28 январи соли 2021 хатсайри нави троллейбусии №9 (Корхонаи равғанбарорӣ-маҳаллаи Обшорон) ба фаъолият оғоз менамояд.
Хатсайри ҷадид бо троллейбусҳои нав дар Душанбе фаъол мешавад
"Дар хатсайри мазкур троллейбусҳои замонавӣ тавассути хиёбону кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Саъдии Шерозӣ ҳаракат менамоянд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод гардида, пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.