Нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва намояндагон дар соли 2021

Фардо, 26 январи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Рӯзи 26 январ соати 09:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Баргузории нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва намояндагон

Дар ин бора қарори раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи даъвати ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум" ба тасвиб расид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, аъзои  Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январ аз соати 08:00 то 17:00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи дуюм, утоқи дуюм ба қайд гирифта мешаванд.

Баҳси тағйироти кадрию савгандхӯрӣ? даъвати ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон

Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон умдатан қонунҳои муҳиме баррасӣ ва қабул мешаванд.