ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда ва бебориш хоҳад буд. Меғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 20-25 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 31-36 ва рӯзона 19-24 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.