ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Макгрегор ба шарҳи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Конор аз Поре изҳор дошт, ки агар Ҳабиб чизе навиштан хоҳад бигзор ба майдон баргардад.
Агар вай омода аст, ба майдон баргардад, ман омодаам бо ӯ қувваозмоӣ кунам, изҳор дошт Конор Макгрегор.
“Ман чизеро тағйир надодаам, ин тим аз аввал бо ман буд. Бояд ба рақиб бо эҳтиром муносибат кард”, - изҳор дошт Конор дар посух ба навиштаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи сабабҳои шикасти Макгрегор аз Дастин Поре.
Ахиран Ҳабиб Нурмуҳаммадов пирӯзии Дастин Поре бар Конор Макгрегорро дар сафҳаи Твиттери худ шарҳ дод.
"Ин вақте рух медиҳад, ки шумо дастаро иваз мекунед, шарикони тамриниро, ки шуморо қаҳрамон карданд тарк мекунед ва мусобиқаи тамриниро бо нафарони хурд оғоз мекунеду аз воқеият дур мемонед", - изҳор дошт қаҳрамони UFC дар вазни сабук.
Сабқати қаблии Ҳабиб ва Конор дар моҳи октябри соли 2018 бо шикасти Нурмуҳаммадов анҷом ёфт.