ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Набарди ҷавобӣ байни Конор Макгрегор ва Дастин Поре барои аксарият ғайричашмдошт хотима ёфт - Поре ғолиб омад.
Рақобат дар даври дуюм хотима ёфт.
Нахуст варзишкори амрикоӣ зарбаҳо хӯрд ва ҳама бовар доштанд, ки Конор пирӯз мешавад.
Аммо дар даври дуввум Поре бо задани зарбаҳои ҳадафрас Конорро нокаут кард ва ӯ рӯйи майдон уфтод.
Ёдовар мешавем, ки Макгрегор ва Дастин Поре 27-уми сентябри соли 2014 аввалин рақобати худро доир карданд, ки дар натиҷа варзишкори ирландӣ дар даври аввал бо нокаут пирӯз шуд.
Ҳардуи онҳоро қаҳрамони вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов шикаст додааст.
Ҳабиб ҷараёни рақобатро аз аввал пайгирӣ мекард. Новобаста аз он ки ӯ метавонад ба ягон рақиб таваҷҷӯҳ зоҳир кунад ва ё карйераашро ба анҷом расонад, мо инро ба зудӣ хоҳем донист.