Дар Суғд корхонаи коргарди ғалла ифтитоҳ мешавад

Корхонаи мазкур имкони коркард кардани то 500 тонна гандум дар як шабонарӯзро дорад. Ҳоло марҳилаи насби таҷҳизот ҷараён дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Хубҷамъ" корхонаи коркарди ғалла бунёд гардида, айни замон корҳои васлу насби таҷҳизот ҷараён дорад. Корхонаи коркарди ғалла имкон дорад, ки  дар як шабонарӯз то 500 тонна гандум коркард намояд.

Озодамоҳ дар Суғд бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ корхона бунёд мекунад

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, айни замон ҷараёни насби таҷҳизот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, корхона ба таври озмоишӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ  бо корхонаи мазкур иброз дошт, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бояд аз тамоми захираву имконият истифода бурда шавад.

Дар вилоят бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва ташаббуси соҳибкорон ҳамасола корхонаҳои нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд мешавад.

Бо назардошти маҳсулоти воридотивазкунанда будани орд ба масъулин дастур дода шуд, ки барои ҳарчӣ бештар захира намудани ғалла ва ба анҷом расонидани васлу насби таҷҳизот тадбир андешанд.