ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ аз 10 январ то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.
Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд, ки се ададро ташкил дод.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон наздики ду ҳафтаи ҳафтаи охир дар сомонаи расмии covid.tj хабар медиҳад, ки дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.
Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, 99,3 дарсади онҳое, ки дар ҷумҳурӣ ба вируси корона гирифтор шудаанд, шифо ёфтаанд.
Теъдоди онҳое, ки ҷон додаанд, ҳудуди 0,7 дарсади маҷмӯи умумии гирифторшудагон арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват дорад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанду фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд.