ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ҳудуди 70 дарсади меҳмононе, ки ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шудаанд, намояндагони халқ мебошад, хабар медиҳад Суюнбек Қасмамбетов роҳбари кумитаи ташкилоти ин маросим.
“Даъватнома унвонии намояндагони фарҳанг ва элитаи илмӣ ирсол шудааст. Мо асосан дархостҳои штаби президент Ҷабборовро ба инобат гирифтем. Аз ин рӯ, бо дархости онҳо ҳудуди 70 дарсади меҳмононро одамони оддӣ ташкил медиҳанд”, - шарҳ додааст Қасмамбетов.
Ӯ таъкид намуд, ки ба маросими савгандёдкунии кишвардори нави Қирғизистон элитаи хориҷӣ даъват нашудааст. Танҳо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, аъзои ҳукумати Қирғизистон, Суди Олӣ, Палатаи конститутсионӣ ва мақомоти марказии давлатӣ ҳузур пайдо мекунанд.
Ҳаҷми маблағи маърака
Барои доир шудани маъракаи савгандёдкунӣ 15 миллион сом, муодили 177 ҳазор доллар ихтисос дода шудааст. Ҳоло бошад, аллакай 10 миллион сом (118 ҳазор доллар) масраф шудааст.
Зимнан, чанде пеш Ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии Содир Ҷабборов дубора ба истеъфо рафт.
Коршинос дар бораи зарфиятҳои Ҷабборов барои ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон
Ин тасмимро кабинаи вазирони Қирғизистон дар робита ба эълони натиҷаҳои интихоботи президентӣ гирифтааст.
Ҷабборов дар ҷараёни тазоҳуротҳо, ки пас аз интихоботи парлумонии моҳи октябр сар зада буд, нахуствазир интихоб шуд ва номзадии худро ба мақоми раисҷумҳурӣ пешниҳод кард ва бо ба даст овардани раъйи бештари интихобкунандагон кишвардори Қирғизистон баргузида шуд.