Коршинос "навоварӣ”-и "Спутник V" нисбат ба дигар воксинаҳоро шарҳ дод

Коршиносони байналмилалӣ аз истифодаи воксинаи сохти Русия “Спутник V” тавсия медиҳанд, чун самаранокии он нисбат ба дигар воксинаҳо баландтар будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Воксина бар зидди вируси корона Sputnik V-и сохти Русия нисбат ба дигар воксинаҳо самаранокии беҳтареро нишон додааст, гуфт Карлос Сала, коршиноси шӯрои илмию тадқиқотии байналмилалӣ.

"Мо ҳамеша ба стратегияи истифодаи векторҳои гуногуни аденовирус, ки фарзияи самаранокии зиёд дорад, таваҷҷӯҳ хос зоҳир мекунем. Ва мо ҳоло шоҳиди он ҳастем, чунки дар муқоиса бо ваксинаҳои дигар дар як платформа, "Спутник V" натиҷаҳо беҳтар нишон дод", - гуфт ӯ ба РИА Новости.

Коршинос инро як навоварӣ донист.

 Воксинаи "Спутник V" дар асоси векторҳои аденовирус сохта шудааст, ки ба он яке аз сафедаи вируси SARS-CoV-2 ҳамроҳ карда шудааст. Дар баробари ин, худи аденовирусҳо аз қобилияти бунёди такрорӣ маҳруманд - онҳо системаи интиқоли маводи генетикӣ (антиген) ба ҳуҷайраҳои бадани инсон мебошанд.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Воксинаҳои Русия бар зидди COVID-19

Дар моҳи август, вазорати тандурустии Русия аввалин воксинаи зидди COVID-19 дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази Гамалеяи Русия таҳия намуда, дар якҷоягӣ бо Бунёди сармоягузории мустақими Русия истеҳсол мекунад.

Ба ин воксина номи "Спутник V" гузоштанд. Воксина аз ду компонент иборат аст, ки бо фосилаи се ҳафта эм мешавад.

Воксинаи дуюми Русия бар зидди коронавируси "ЭпиВакКорона" аз тарафи маркази "Вектор" -и Новосибирск таҳия шудааст.

Ғайр аз ин, воксинаи "зинда" -и Маркази тадқиқот ва таҳияи маводҳои иммунобиологии  ба номи Чумакови Академияи улуми Русия низ дар марҳилаи озмоишҳои клиникӣ қарор дорад.

Ба вазорати тандурустӣ алакай барои сабти ин воксина санадҳои дахлдор равон карда  шудааст.

Қаблан радио Sputnik хабар дода буд, ки мақомоти назоратии Маҷористон истифодаи воксинаи "Спутник V"-ро иҷозат додааст.