Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад

Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки дар шаҳри истаравшан сохтмони майдон бо муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо лоиҳаи майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ шинос гардида, ба бунёди қасри фарҳанг санги асос гузошт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят.

Супориши раиси ҷадиди шаҳри Истаравшан ба масъулини беморхонаи марказӣ

Бино ба иттилои манбаъ,  зимни муарифии лоиҳа ба раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шудааст, ки дар ҳудуди майдон муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҳудуди ин макони фарҳангиву истироҳатӣ ҳамзамон таваққуфгоҳ барои нақлиёт, фаввораҳо, айвонҳои миллӣ, пул, ошхонаву нуқтаҳои хизматрасонӣ, қаҳвахона, толор, майдони хурд барои бозиҳои футбол, баскетбол, теннис, шоҳмот, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон, атраксионҳои гуногун бунёд хоҳад шуд.

Дар бораи раиси нави шаҳри Истаравшан чӣ медонем

Гуфта шудаааст, ки раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо лоиҳа барои такмили он ва оғози корҳои сохтмонӣ тавсияҳои судманд ироа кардааст.