ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Мелания Трамп як анъанаи 70-соларо вайрон карда, аз даъвати хонуми аввали кунунии ИМА Ҷилл Байден барои сайёҳат дар Кохи Сафед саркашӣ кард, хабар медиҳад портали LADbible.
Тибқи анъана, хонуми якум дар рӯзҳои охирини раёсати шавҳараш барои ҷойгузини худ дар манзилҳои истиқоматии Кохи Сафед, дар қабатҳои дуюм ва сеюм сайёҳат мегузаронад.
Дар тӯли 70 сол занони президентҳои Амрико ҷойгузинони худро бо чой меҳмондорӣ карда, ба онҳо "хоҷаги" -и Кохи Сафедро месупурданд. Чор сол пеш худи Мелания Трамп ҳамроҳи хонуми аввал Мишел Обама чой нӯшид ва ӯро дар сайри қароргоҳи президент ҳамроҳӣ кард.
Таъкид мешавад, ки Мелания бо рейтинги 47 дарсадӣ аз дафтари бонуи аввал хориҷ хоҳад шуд, ки ин нисбат ба пешгузаштагони ӯ камтар аст.
Анъанаи чойнӯшӣ дар соли 1952 замоне оғоз ёфт, ки бонуи аввал Бесс Труман, ҳамсари президент Гарри Труман Мэми Эйзенхауэр, ҳамсари Дуайт Д. Эйзенхауэрро ба сайри Кохи Сафед даъват кард.
Ҷасуру ҷаззоб: образҳои чашмраси Мелания Трамп-акс
Маросими савгандёдкунии президенти нави ИМА 20 январ баргузор мешавад. Доналд Трамп қаблан гуфта буд, ки ӯ дар ин маросим ширкат карданӣ нест.
Тибқи иттилои Кохи Сафед, Трамп чор соат пеш аз маросими савгандёдкунӣ Вашингтонро тарк мекунад.