Пуэрта-де-Толеда - яке аз кӯчаҳои Мадридро таркиши сахт ларзонд.
Бар тибқи баъзе маълумотҳо, таркиш дар биное рух додааст, ки он ҷо пиронсолон ба сар мебаранд. Вале баъзе расонаҳо хабар додаанд, ки таркиш дар меҳмонхона рух додааст.
Таркиш ва бераҳмӣ: воқеъияти тазоҳуроти Белорус - гузориши аксӣ
Омили сар задани таркиш, ихроҷи газ арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, таркиш ба ҳадде сахт буд, ки чор ошёнаи бино комилан хароб шуданд.
Дар натиҷа, шикастпораҳо тамоми маркази Мадридро фаро гирифтанд.
Ҳоло маълумоти дақиқ дар мавриди талафоти ҷонӣ рӯи даст нест. Аммо таъкид мешавад, ки бар асари ин ҳодиса чандин нафар ҷон аз даст дода, чанди дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса теъдоди зиёди наҷотбахшону кормандони тиб қарор доранд.