Барфрезии зиёд дар ВМКБ ҳайвонҳои нодирро поин овард: талош барои наҷоташон-навор

Барфрезии барвақти зимистони имсол ҳайвоноту парандагони ваҳширо маҷбур сохт, ки дар ҷустуҷӯи ғизо аз қуллаҳои кӯҳ рӯ ба сӯи маҳаллаҳои аҳолинишин оранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Зимистони имсол сокинони шаҳри Хоруғ дар теппакӯҳҳо ҳайвоноту парандагони ваҳширо борҳо мушоҳида карданд, ки қаблан дар ин минтақаҳо мушоҳида карданашон мушкил буд.

Ду кабки нав дар Тоҷикистон ба "Китоби сурх" ворид карда шуд

Ба иттилои “Ховар”, қаблан  танҳо ба шикорчиён муяссар мешуд, ки гӯсфанди Марко Поло ва ё нахчирро аз наздик бубинанд, дигарон  акси ин ҷонварони нодир ва зеборо танҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо медиданд,

Манбаъ аз қавли Назрӣ Назриев, сардори Хоҷагии ҷангали Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, афзудааст, аз қуллаҳои кӯҳ ба маҳаллаҳои аҳолинишин фаромадани ҳайвонот, агар аз як сӯ резиши барфи зиёд бошад, аммо аз сӯи дигар,  боло рафтани маърифати экологии мардум ва муносибати дилсӯзонаашон ба муҳити атроф  шаҳодат медиҳад.

“Дар чанд даҳсолаи охир эҳсос мешавад, ки ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ, ба шумули гӯсфанди кӯҳӣ, нахчир, бузи кӯҳӣ, мурғи ҳилол, кабк ва амсоли инҳо аз инсонҳо тарсу ҳарос надоранд”, - таъкид кардааст Назриев.

Ба гуфтаи сардори Хоҷагии ҷангали вилоят, соли равон барои анҷом додани чораҳои биотехникӣ дар ҳар ноҳияи вилоят ба миқдори 500 килограмм гандум ва 800 килограмм хӯроки дурушти чорво захира карда шуда, бори дуюм аст, ки дар ҷойҳои муайяни кӯҳу пуштаҳо пошида мешаванд.

Дар анҷом додани чораҳои биотехникӣ дар баробари муассисаҳои давлатӣ, ҳамчунин аъзои маҳфилҳои "Дӯстдорони табиат" ва "Нозирони сабз"-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят низ саҳми фаъол мегузоранд.