Садамаи маргбор: Аз шиддати зарбаи "Опел" Нозигул парида ба “Тайота" заду ҳалок шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи мудҳиши нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи он як нафар ҳалок шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, садамаи нақлиётӣ рӯзи 17-уми январи соли ҷорӣ, тахминан соати 14:20-дақиқа, дар роҳи "Ваҳдат-Душанбе" сар задааст.

Садамаи маргбор: ҳалокати марди солхӯрдае зери чархи “Лексус-450”-и Исфандиёр

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Гулаев Акмалҷон Нуралиевичи 27 сола, сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Ваҳдат-Душанбе", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромадааст.

Ӯ дар ҳамин ҳол, пиёдагардон: Мирзокаримова Гулизор Шодиевнаи 45-сола ва ноболиғ Маҳмадиева Нозигул Ҳабибовнаи 20-соларо пахш намудааст.

"Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Маҳмадиева Нозигул Ҳабибовна аз шиддати зарбаи сахт парида, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи Ҳалимов Абдукарим Раҷабалиевичи 21 -сола, сокини ҳамин шаҳр, бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",-афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбор: Ғафурҷон бо "Дамас"-аш Ҷаъфарбеки хурдсолро пахш карду гурехт

Гуфта мешавад, шаҳрванд, Мирзокаримова Г.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.