ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сӯхтор дар хонаи Меҳрӣ Бӯриева тахминан соати 19:30, замоне рух додааст, ки аъзои оила дар хона ҳузур доштанд, хабар додааст сомонаи “Фараж”.
Манбаъ аз қавли корманди хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Нурмаҳмад Хӯшаев афзудааст, ки оташсӯзӣ масоҳати 50 метри мураббаъро дарбар гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар боми манзили истиқоматии соҳибкор Меҳрӣ Бӯриева будааст.
Оташнишонҳо саривақт ба ҷои ҳодиса расиданд ва аз зарари бештар ҷилавгирӣ карда шуд. Хушбахтона, ягон нафар аз аъзои оила дар сӯхтор зарари ҷисмонӣ набардоштанд, таъкид намудааст подполковник Нурмаҳмад Хӯшаев.
Дар баробари ин сомонаи Фараж хабар додааст, ки дар макони ҳодиса, яке аз ҳамсояҳои хонум Бӯриева гуфт, зарардида барои гарм кардани хонааш аз ангиштсанг истифода мекардааст ва пас аз гармии зиёди дудбаро боми хона, ки аз масолеҳи бомпӯши навъи “Ондулин” иборат аст, оташ гирифтааст.