Маълум шуд, ки мавсими нав дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон кай сар мешавад

Қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Кумита оид ба мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон формулаи чемпионати кишварро байни дастаҳои лигаи якум барои соли равон тасдиқ кард.

Дастпарвари футболи тоҷик сармураббии дастаи футболи “Олой”-и Қирғизистон шуд

Тавре  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бо қарори Кумита, бозиҳо дар лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 дар ду давра гузаронда мешаванд.

"Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаҳои расмиёти литсензия муайян  хоҳад гардид. Тахминан, мавсими нав дар лигаи якум 22 апрел оғоз меёбад", - менависад манбаъ.

Ду дастаи аввали лигаи якуми Тоҷикистон ҳуқуқи бозӣ дар лигаи олиро дар соли оянда  ба даст меоранд.

Гаронарзиштарин футболбози рус 20 миллион евро мегирад: ӯ кист?

Бояд зикр кард, ки қарорҳои мазбури Кумита оид ба мусобиқоти ФФТ бояд дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасвиб ва тасдиқ карда шаванд.