ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре манбаъ менависад, а ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи вай, шаби 21 ба 22-юми октябри соли 2019, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 6-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
"Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лолазори ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Дуздии барқ дар корхонаи давлатӣ ба маблағи беш аз 130 ҳазор сомонӣ
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.