ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Орловкаи Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи Федератсияи байналмилалии лижаронӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур то 22 январ идома меёбад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар Баҳриддин Ғоибов ва Сайфиддини Низомиддин намояндагӣ мекунанд.
Дар мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 варзишгарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Манбаъ меафзояд, хароҷоти сафари варзишгарони тоҷикро Кумитаи миллии олимпӣ дар доираи Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон - Пекин-2022 ба ӯҳда гирифтааст.
Дар Тоҷикистон лижаронҳои беҳтаринро муайян карданд
Гуфта мешавад, мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи равияҳои слалом ва слаломи бузург доир мегардад ва варзишгарон дар баробари медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.