Трамп дар феҳристи номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрӣ дар таърихи Амрико

Бинобар назарсанҷӣ ҳатто дар байни ҷумҳурихоҳон низ маҳбубияти Трамп коҳиш ёфтааст ва танҳо 60 дарсади онҳо амалкарди ӯро мусбат арзёбӣ кардаанд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 18 январ - Sputnik. Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст.

Иқдоми Трамп дар напазируфтани шикаст дар интихобот, ки ҳаводиси хушунатбори Конгрессро ба бор овард, мизони ризоят аз амалкарди ӯро ба 29 дарсад коҳиш додааст.

Расонаҳо дурӯғҳои маҳзи Доналд Трампро ошкор карданд

Ба гузориши хабаргузории "Парс тудей" ба нақл аз "Дейли мил", натиҷаҳои назарсанҷии "Пив", ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, нишон дод мизони ризоят аз Доналд Трамп ба 29 дарсад кам шуд, ки поинтарин мизон дар давраи раёсати ҷумҳурии ӯ ба шумор меравад.

Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст.

Ин мизони ризоят 9 дарсад камтар аз августи 2020 баровард шудааст.

Бинобар ин назарсанҷӣ ҳатто дар байни ҷумҳурихоҳон низ маҳбубияти Трамп коҳиш дошта аст ва танҳо 60 дарсади онҳо амалкарди уро мусбат арзёбӣ кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи августи 77 дарсади ҷумҳурихоҳон чунин назаре доштанд.

Тибқи ин гузориш ба назар мерасад худдории Трамп аз пазириши шикаст дар интихобот ва шуриши хушунатбори Конгресс дар рӯзи шашуми январ аз далилҳои аслии ин коҳиш бошад.

Назарсанҷии "Пив" нишон дод, ки 54 дарсади амрикоиҳо фикр мекунанд,Трамп бояд аз қудрат барканор шавад ва 45 дарсад муътақиданд ӯ бояд давраи худро ба поён бирасонад.