ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳадафи таъсиси ин нашрия фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовардҳо ва эҷодиёти онҳо мебошад, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати Хатлон.
Ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа ва илмомӯзӣ, инкишофи ҷаҳони маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани онҳо аз ҳадафҳои дигари таъсиси нашрия унвон шудааст.
Ҷарима барои ниқобу дурӯғ: чӣ, кай ва дар куҷо? - муфассал
“Шумораи якуми нашрияи "Ғунчаҳои Хатлон", ки аз 16 саҳифаи формати А4 иборат аст, кӯдакону наврасони лаёқатманди вилояти Хатлонро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи дастовардҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ маълумот медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.
Инчунин, дар ин шумора афсонаю чистонҳо, тезгӯяку латифаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, карикатураю калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо, кроссворду судоку ва дигар маводи ҷолиби диққати хонандагон ба чоп расидаанд.