Рабаданов: Ҳабиб ба хотири шӯҳрату доллар ваъдаашро вайрон намекунад

Шореҳи варзишӣ ва дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо, Рамазон Рабаданов хабарҳо дар мавриди бозгашти Ҳабиб ба октагонро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв – Sputnik. Рамазон Рабаданов шореҳи варзишӣ ва дӯсти қарини хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо мегӯяд, Ҳабиб ваъдаашро намешиканад ва дубора ба октагон барнамегардад.

Шарте, ки Ҳабиб барои баргаштан ба октагон гузошт: чиро дархост кард?

"Ба умед нашавед, ки Ҳабиб бармегардад. Ӯ нисбати худ ва ҳарфи гуфтааш сахтгир аст ва ҳеҷ вақт ба хотири шӯҳрат ва маблағи калон ваъдаашро вайрон намекунад", - шарҳ додааст Рабаданов.

Дӯсти ин хонавода ба сомонаи "Чемпионат" гуфтааст, ки мақсади Ҳабиб ҳарчӣ дарозтар нигоҳ доштани камарбандӣ қаҳрамонӣ аст.

"Камарбандро ӯ барои Ислом Махачев нигоҳ медорад. Ҳамин кӣ Ислом ба унвони қаҳрамонӣ наздик шуд, Ҳабиб бо хотири ҷамъ, камарбандро ба рафиқаш месупорад", - илова кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш роҳбари UFC Дана Уайт пас аз мулоқот бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов изҳор дошт, ки масъалаи баргаштани размикори доғистонӣ пас аз рақобатҳои Конор Макгрегор, Дастин Пуаре, Дэн Ҳукер ва Майк Чендлер маълум мешавад.

Абдул-Азиз: барои ба майдон омадани Ҳабиб ба мо 100 млн пешниҳод карданд

Зеро Ҳабиб дар посух ба даъвати Уайт гуфтааст, ки "агар ин чор размикор набарди хуберо нишон диҳанд ва маро водор ба бозгашт намоянд, ман бармегардам".

Размикори доғистонӣ пас аз мағлуб кардани ҳарифи амрикоии худ дар моҳи октябри соли гузашта тасмими тарк кардани октагонро эълон кард.