Даргузашти шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон Раҳматҷон Қурбонов

Дар Ӯзбекистон шашмақомхон, ки солҳои дароз раҳбарии ансамбли "Лазги" - машҳур дар ҷаҳонро бар дӯш дошт, аз олам даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раҳматҷон Қурбонов - шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон, ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон ва Қароқалпакистон даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги кишвар.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек назарбеков ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони марҳум изҳори таслият кард. Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нушдааст.

"Дар робита ба даргузашти Раҳматҷон Қурбонов, директори Филармонияи вилоятии Хоразм, муаллими беназир, яке аз рукнҳои санъати Хоразм, мо ба оила ва дӯстони марҳум таъзияи амиқи худро баён мекунем", - гуфт роҳбари Вазорати фарҳанг.

Қурбонов дар тӯли фаъолияти тӯлонии эҷодӣ на танҳо дар ватани худ, балки берун аз он низ дар байни дӯстдорони санъати классикии ӯзбек сазовори муҳаббати тамошобинон гаштааст.

Курбонов ба забонхои ӯзбеки, точикӣ, озарбойчонй, туркманй ва туркй сурудхо сароидааст. Вай бо эҷоди худ дар рушди санъати сарояндагии миллӣ саҳми сазовор гузошт ва дар тӯли солҳои роҳбарии худ ба ансамбли суруд ва рақси "Лазги" санъати хоразмӣ махсусан дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон паҳн гардид.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Раҳматҷон Қурбонов бо ордени Шарафи Меҳнат мукофотонида шудааст. Шоҳасарҳои мусиқии ӯ, ба мисли сурудҳои "Чоргох", "Талкини Рост", "Катта Сувора", "Чапандози Сувора" ва дигарщо ҳастанд.

Даргузашти ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Клара Ҷалилова

Дар замонҳои гуногун, Раҳматҷон Қурбонов ба даҳҳо кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Малайзия, Олмон, Фаронса, Англия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия тсафарҳои ҳунарӣ доштааст.