ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. "Uzbekistan Airways" пас аз эълони ҷорӣ шудани парвозҳои мунтазам миёни Тошканду Душанбе, рӯз ва соати парвозҳоро низ дақиқ намуд.
Бар хабари котиботи ширкати мазкур, ҳавопаймои Ӯзбекистон парвоз самти Тоҷикистонро рӯзҳои чоршанбе анҷом медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, парвоз дар масири Душанбе – Тошканд – Душанбе рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 8 субҳ сурат гирифта, ҳавопаймо соати 11 – и ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ба Тошканд бармегардад.
Гуфта мешавад, ҳавопаймо мусофиронро давоми як соат ба Ӯзбекистон мерасонад.
Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хабар дод.
Ба гуфти Икром Субҳонзода, "тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд".