Расонаҳо дурӯғҳои маҳзи Доналд Трампро ошкор карданд

Масалан, боре президент эълон дошт, ки ба ӯ дар иёлоти Мичиган унвони "Одами сол" - ро додаанд, вале то ҳол ин хабар тасдиқи худро наёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шабакаи телевизионии CNN топ 15 дурӯғгӯиҳои Доналд Трампро дар давраи раҳбариаш нашр кард.

Ҳамин тавр, замони савгандёдкунии президент борон меборид. Ваел пас аз чанд соат сиёсатмадор изҳор дошт, ки то поёни суханронии ӯ ягон борон набуд.

Трамп Кохи Сафедро субҳи рӯзи чаҳоршанбе тарк хоҳад кард

Соли 2019 раисиҷумҳур аз хатаре тӯфони "Дориан" барои иёлати Албама ҳушдор дод. Хадамоти ҳавошиносии ИМА ин хабарро рад кардв онро бепоя хонд, вале президент пас аз чанд рӯз низ бо нашри харитаи хатар суханҳои худро рост бароварданӣ мешуд. Мушовири президент оид ба амният маҷбур буд, ба нафъи ӯ изҳорот кунад.

Бино ба гузориши манбаъ, Трамп боре гуфта буд, ки ӯро дар Мичиган хеле пеш аз раёсати ҷумҳурӣ бо унвони "Шахси сол" сарфароз карданд, аммо то ҳол тасдиқи ин суханон вуҷуд надорад.

Вай инчунин эълон кард, ки раиси Ҷунбиши Миллии Скаутҳо ба ӯ занг зада паёми президентро дар бораи онҳо, "бузургтарин суханронӣ" номидааст. Дар асл, чунин набуд, қайд мекунад CNN.

Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор

Рӯзноманигорон инчунин изҳороти Трампро ба ёд оварданд, ки чӣ гуна ӯ аз пардохти ҷуброн ба ҳунарпешаи порнавӣ барои хомӯшӣ дар бораи алоқаашон, изҳори бехабарӣ кард.

Дар ин рӯйхат, иттиҳомоти бофтаи президент алайҳи рақибони сиёсӣ, аз ҷумла Ҷо Байден ва инчунин изҳорот дар бораи пирӯзии эҳтимолӣ дар интихобот ва вазъи коронавирус низ ҷой дода шудааст.