Заминларза дар Тоҷикистон

Тоҷикистонро шаб заминҷунбии сахт такон дод

Макони заминҷунбӣ на Тоҷикистон, балки наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон буд, ки дар он ҷо шиддати ларзиши замин ба 5,5 дараҷа мерасид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тоҷикистонро заминҷунбии шадид такон дод. Заминларза соати 1- и шаби рӯзи 17 январ рух дода буд.

Ду заминҷунбӣ дар як рӯз: маркази зилзила марзи Афғонистону Тоҷикистон

Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шиддати заминларза дар Душанбеву Хуҷанд низ сахт буд.

Бар хабари марказҳои зилзиланигории ҷаҳон, заминҷунбӣ дар наздикии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, шиддаташ дар онҷо ба 5.5 дараҷаи Рихтер баробар аст.

Заминҷунбӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Тибқи баъзе маълумот дар Афғонистон, зилзила як қатор музофотҳои ин кишварро такон додааст. Манобеи Афғонистон дар як гузориши хабарӣ гуфтаанд, ки зилзилаи шадид Кобул ва баъзе вилоятҳои дигарро такон дод.

Гуфта мешавад, ки сокинони вилоятҳои Балх, Панҷшер, Кундуз, Самангон ва Нангарҳор низ заминларзаро эҳсос кардаанд.

Ҳоло дар мавриди талафоти ҷонӣ ва ё хисороти молӣ маълумоте рӯи даст нест.