ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Агар довталабони камарбанди қаҳрамонӣ дар вазни сабук набарди диданиеро нишон диҳанд, шояд қаҳрамони феълӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дубора ба октагон барояд, хабар медиҳад Eurosport бо такя ба изҳороти роҳбари UFC Дана Уайт.
Рӯзи шанбеи 16 январ паси дарҳои баста мулоқоти Ҳабиб бо Дана Уайт баргузор шуд.
Ҳабиб аз талошҳои UFC барои баргардондани ӯ гуфт: "маро ба ҳайрат овардан душвор аст"
Ҳабиб мегӯяд, ҳис мекунад, ки ҳама чизро ба даст овардааст ва минбаъд ҳаваси бозгаштро надорад.
Аммо ӯ илова намудааст, ки посухи ниҳоиро пас аз анҷоми рақобатҳои Конор Макгрегор бо Дастин Пуаре ва Дэн Ҳукер бо Майк Чандлер мегӯяд.
"Ман тасмим гирифтам, ки ду рақобат дар вазни сабуки UFC 257 тамошо кунам. Агар ин чор размикор набарди хуберо нишон диҳанд ва маро водор ба бозгашт намоянд, ман бармегардам", - тавзеҳ додааст шарти асосии Нурмуҳаммадовро роҳбари UFC.
Размикори доғистонӣ пас аз мағлуб кардани ҳарифи амрикоии худ дар моҳи октябри соли гузашта тасмими тарк кардани октагонро эълон кард.
Аммо чанде баъд, роҳбари UFC аз эҳтимоли бозгашти Ҳабиб Нурмуҳаммадов хабар дода буд. Размикори доғистонӣ аз 29 муҳорибае, ки баргузор кард, дар ягон набард мағлуб нашудааст.