Харитонов мегӯяд, Нурмуҳаммадовро танҳо пул метавонад ба UFC баргардонад

Размикор Сергей Харитонов бар ин бовар аст, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадовро танҳо пули калон метавонад ба UFC баргардонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук, Хабиб Нурмуҳаммадов танҳо барои маблағ метавонад фаъолияташро дубора барқарор кунад, мегӯяд Сергей Харитонов.

Шарте, ки Ҳабиб барои баргаштан ба октагон гузошт: чиро дархост кард?

Рӯзи шанбе сарвари UFC Дана Уайт эълом дошт, ки Нурмуҳаммадов пас аз набарди Дустин Пуэри амрикоӣ ва Конор Макгрегори ирландӣ, ки дар доираи UFC 257 рӯзи 24 январ дар Файт Айленд дар Абу-Даби баргузор мешавад, тасмим мегирад, ки карераро аз сар гирад ё хайр.

"Ин кори шахсии ҳар кас аст, новобаста аз он, ки ягон қарор қабул кунад ё не. Ҳар кас амбицияи худро дорад, ҳама чизи дилхоҳашро карда метавонад. Ҳавасмандии асосӣ пул аст, аз ин рӯ танҳо пул метавонад Хабибро баргардонад", - гуфтааст Харитонов ба РИА Новости.

Нурмагомедов 24 октябри соли гузашта ҳарифи амрикоии худ Ҷастин Гэдҷиро бо роҳи буғӣ кардан, мағлуб кард ва бори сеюм унвони қаҳрамонии UFC-ро ҳифз кард.

Дарҳол пас аз анҷоми набард, размикори 32 - солаи доғистонӣ эълон кард, ки барои ҳамешагӣ октагонро тарк мекунад. Аммо чанде баъд, роҳбари UFC аз эҳтимоли бозгашти Ҳабиб Нурмуҳаммадов хабар дода буд. Размикори доғистонӣ аз 29 муҳорибае, ки баргузор кард, дар ягон набард мағлуб нашудааст.