ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар назар аст ҷаласаи навбатии 16-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардад.
Манбаъ афзуд, омодагӣ ба ҷаласаи мазкур дар мулоқоти раиси Кумитаи сармоягузорӣ, Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев баррасӣ шуд.
“Зимни вохурӣ масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки имкону захираҳои мавҷуда ҳар ду ҷониб барои таҳкими ҳамкориҳо зиёд мебошанд.
Феълан, Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, таъминкунандаи кишвар бо орду маводи сӯхт мебошад.