Дар Суғд бурду бохти соли гузаштаро натиҷагирӣ карданд

Бинобар оморе, ки масъулини вилоят нишон медиҳанд, вилоят қариб дар тамоми соҳаҳо нақшаро бештар аз сад дар сад иҷро кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо масъулини вилоят нишаст доир карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2020- ро мавриди таҳлил қарор дод.

Бинобар оморе, ки масъулини нишон медиҳанд, вилоят қариб дар тамоми соҳаҳо дар соли 2020 нақшаро бештар аз сад дар сад иҷро кардааст.

МММ ба 21,6 млрд. сомонӣ расид

Ҳамин тавр, дар соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд.

Мақомоти Суғд барои таъмири роҳ чанд миллион масраф кард?

Гуфта мешавад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид.

Дар соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас мебошанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 30,3 млн. қуттии шартӣ расонда шуда, суръати афзоиш 1,5 баробар таъмин гардид.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 млрд. 821 млн. сомонӣ расониданд, ки баробари 110,5 фоизи ҳамин  давраи соли гузашта мебошад.

Барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 278,6 ҳазор гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.

Тибқи нақша дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, то ин давра 5990 иншооти гуногун ба истифода дода шуд ва нақшаи умумӣ 83,3 фоиз иҷро шудааст.

COVID-19 ё дигар омилҳо? 50 % корхонаҳои Хуҷанд соли 2020 кам маҳсулот истеҳсол кардаанд

Дар соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо 11 млрд. 54,2 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3 млрд. 282,4 млн. сомониро ташкил дод.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2020 ба 1 млрд. 667,6 млн. доллари амрикоӣ расонида шуд. Аз ҷумла, воридот 1 млрд. 313,8 млн. доллари амрикоӣ ва содирот 353,8 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд.

Нақшаи буҷа 102,9 дар сад иҷро шуд

Дар соли 2020 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2 млрд. 382,9 млн. сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша ҳамагӣ 102,9  фоиз таъмин карда шуд ва ба буҷет 2 млрд. 452,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 69,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Таъсири COVID: пайомади пандемия барои кишоварзӣ ва саноат дар Тоҷикистон

Дар ин давра, ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1 млрд. 837,9  млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1 млрд. 839,7 млн. сомонӣ ворид гардид, ки баробари 100,1 фоизи нақша буда, барзиёдиҷрошавӣ 1,8 млн. сомонӣ таъмин шудааст.

Дар соли 2020, дар маҷмӯъ, 39 иншооти варзишии нав бо маблағгузории буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 28,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 10,7 млн. сомонӣ  мавриди истифода қарор гирифтанд.

Мақомоти Хуҷанд гуфтанд, ки чигуна тавонистанд талафоти барқро дар шаҳр кам кунанд

Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Айнӣ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, роҳбарони як қатор идораву сохторҳои вилоятӣ пурсиш ба амал оварда, роҳбарону масъулинро вазифадор намуд, ки бобати вусъати корҳои созандагию ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус коргоҳҳои саноатӣ, содироти бештари маҳсулот корбарӣ намоянд.