ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Дар робита ба ин, чанде пеш ширкати сайёҳии “Силкей эдвенче” иҷозатнома гирифта, ба фаъолият пардохт. Ҳамзамон, муҳлати амали иҷозатномаи ширкатҳои “Ҳабиба Турс”, “Восток трэвел тур”, “Айс тур” ва “Кошиф” тамдид гардид, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни ҷамъомади роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, ки бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода баргузор гашт, баён шуд.
Гуфта шудааст, ки зимни ҳамоиш гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, нашри маводҳои нави иттилоотиву тарғиботӣ, пайдо намудани бозорҳои нав, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни дидор Тоҷиддин Ҷӯразода аз роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ даъват кардааст, ки бо истифода аз имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ ҷоригардида, тамоми саъю кӯшиши худро барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019 – 2021), таҳкими рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ ба маконҳои тамошобоби ҷумҳурӣ дар мавсими нави сайёҳӣ ва тарғиби ҳаматарафаи Ҷашни байналмилали Наврӯз равона созанд.
Дар навбати худ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ барои омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат омодагии худро изҳор доштанд.