Эълони озмун барои дарёфти стипендияи Рустами Эмомалӣ - киҳо метавонанд иштирок кунанд?

Дар Душанбе барои дарёфти стипендияи раиси шаҳр миёни толибилмону донишҷӯён озмун эълон шуд, ки аз 25 январ оғоз хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Аз 25 январ то 16 феврал барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун доир карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон.

Дар Душанбе ғолиби озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020" муайян шуд

Гуфта мешавад, озмун дар бинои Муассисаи давлатии "Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия" -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Барои иштирок дар озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 3 ҳазору 441 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супорида буданд. 

Онҳо аз руйи низоми тестӣ санҷиш месупоранд.

Вазорат ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” -ро эълон кард

Ёдовар мешавем, ки  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ҳамасола озмун барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳр   роҳандозӣ мегардад.