Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Дар Русия пешниҳод карданд, то муҳоҷиронеро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд ва хешу табори шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт накунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонун нав ворид шудааст. Мувофиқи он муҳоҷироне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, вале хешованди наздики шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт карда нашаванд, хабар медиҳад "Парламентская газета".

Дар Русия муҳоҷиронро аз мусофиркашонӣ бо таксӣ маҳрум карданианд

Лоиҳаи дахлдорро ба Думаи давлатӣ муовини роҳбари Кумитаи назорат ва танзим дар Думаи Давлатӣ Наталя Костенко пешниҳод кардааст.

Қонунгузории муҳоҷират дар назар дорад, ки чунин гузашт танҳо барои хориҷиёне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, на ҷиноятӣ карда мешавад.

Тарҳи нав пешниҳод мекунад, муҳоҷире, ки хеши наздикаш - шаҳрванди Русия аст ва дар ин кишвар доимӣ зиндагӣ мекунад, депорт нашавад, чун ӯ аз имкони зиндагӣ бо хешовандони наздик, тарбияи фарзанд ва дастгирии онҳо дар Русия маҳрум мешавад.

Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021

Пешниҳод шудааст, ки чунин гурӯҳи муҳоҷирон аз кишвар хориҷ карда нашаванд ва иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи истиқомати онҳоро бекор нашавад.

Дар Русия усули нави тақсимоти квотаҳо ҷорӣ мешавад: чӣ гуна?

Дар ин миён, тибқи қонунгузории амалкунанда, як шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозати истиқомат барои ду ва ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират маҳрум карда шавад.

Ғайр аз ин, муҳоҷире, ки ҷиноят содир намуда, ба амнияти кишвар хатар дорад, дар давоми панҷ сол ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русияро аз даст медиҳад.

Тарҳи нав барои таъмини ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва сарбории иловагӣ ба додгоҳҳо пешбинӣ шудааст.

"Агар шахс зарари ҷиноятҳояшро ба давлат ҷуброн кунад, пас чаро вай Русияро тарк кунад ва оилаи ӯ аз ин зарар бинад", - омадааст дар шарҳи қонун.

ВКД низ таваҷҷӯҳ карда, ки аксар вақт оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои муҳоҷир  ба хавфи ҷинояти содиркардаи ӯ мувофиқат намекунанд.

Феълан бошад, бекор кардани депортатсияро метавон танҳо тавассути додгоҳ ҳал кард.