Аксҳои даҳшатовар: харобкориҳои заминларза дар Индонезия

Sputnik

Маркази заминларза дар наздикии шаҳри Мамудзу дар ҷазираи Сулавеси ҷойгир буд.

Тибқи иттилои Агентии рафъи офатҳои табиӣ, қувваи офати табиӣ ба 6,2 расида, пас аз он беш аз 25 заминларза ва ярч ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамаи мусофирони ҳавопаймои суқуткарда дар Индонезия ба ҳалокат расиданд

Заминларза чунон шадид буд, ки тақрибан 60 бино, аз ҷумла беморхонаҳоро хароб кард.

Ожонсии ҳавошиносӣ ҳушдор дод, ки заминларзаҳои нав метавонад боиси сунамӣ шаванд.

Теъдоди дақиқи кушташудагон ва маҷрӯҳон ҳанӯз ҳисоб карда мешавад. Тибқи маълумоти охирин, ҳадди аққал 34 нафар қурбонии заминларза шуданд, 700 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд.

Сахт андуҳгин шудем: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоко Видодо

Бо фармони президенти Индонезия Ҷоко Видодо, вазири корҳои иҷтимоӣ Три Рисмахарини ба Сулавеси рафт.

Ин фоҷиаи дуюм дар таи даҳ рӯзи ахир дар Индонезия мебошад.

Рӯзи 9 январ дар Индонезия ҳавопаймои мусофирбари Боинг 737 замони парвоз аз Ҷакарта ба Понтианак суқут кард.

Дар дохили ҳавопаймои мусофирбари ширкати Sriwijaya Air, 65 мусофир аз ҷумла 12 ҳайъати сарнишин буданд, ки ҳама ҳалок шуданд.

1 / 10
Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро ҷустуҷӯ доранд. Шаҳри Мамадҷуи Индонезия.
2 / 10
Оқибатҳои заминларзаи шадид дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия.
3 / 10
Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро ҷустуҷӯ доранд. Шаҳри Мамадҷуи Индонезия.
4 / 10
Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро ҷустуҷӯ доранд. Шаҳри Мамадҷуи Индонезия.
5 / 10
Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро аз таги харобаҳои бемористон дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия ҷустуҷӯ доранд.
6 / 10
Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро аз таги харобаҳо дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия ҷустуҷӯ доранд.
7 / 10
Наҷотдиҳандагон ҷасади кушташудаҳоро аз таги харобаҳо дар шаҳри Мамадҷуи Индонезия ҷустуҷӯ доранд.
8 / 10
Сокинон биноҳои харобшуда дар шаҳри Мамадҷу ва Сулавесии Индонезияро тамошо доранд.
9 / 10
Сокинон биноҳои харобшуда дар шаҳри Сулавесии Индонезияро тамошо доранд.
10 / 10
Сокинон биноҳои харобшуда дар шаҳри Сулавесии Индонезияро тамошо доранд.