Ронандаи душанбегӣ дар Восеъ ҷавонеро пахш кард: шахсияти фавтида номаълум аст

Ҷавони тахминан 30 - 35 - соларо ронандае аз шаҳри Душанбе дар ноҳияи Восеъ пахш намуд, ки дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Кормандони ВУД Тоҷикистон аз фавти ҷавони шахсияташ номаълум дар Восеъ хабар медиҳанд.

Садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ: 5 узви як хонавода ҷон бохт
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 12 январ, тахминан соати 19:00 рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-ектра", Қодиров Парвизи 43 - сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Восеъ-Кӯлоб дар даромадгоҳи деҳаи Тугараки ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш намуд.

Дар натиҷа пиёдагарди шахсияташ номаълум аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Бархӯрди ду худрав дар Суғд ба марги 2 нафар ва ҷароҳатдор шудани 3 тани дигар анҷомид

Манбаъ меафзояд, ҷавони фавтида тахминан 30 - 35 - сола аст. Феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.