ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Ҷонибдорони собиқ кишвардори Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев дар назди додгоҳи ноҳияи Первомайский даст ба эътироз заданд.
Онҳо бо шиору овезаҳо раҳоии Отамбоевро талаб доранд.
Мурофиаи ӯ имрӯз бо каме таъхиркорӣ шурӯъ шуд ва вакилони Отамбоев бар ин боваранд, ки ба иллати нохуб будани вазъи саломатияш, ӯро озод кунанд.
Дар пеши биное, ки мурофиаи Отамбоев ҷараён дорад, наздики 50 нафар тарафдорони Отамбоев ба шиорҳо нишастаанд.
Ёдовар мешавем, ки феълан Алмосбек Отамбоев дар колонияи ислоҳии рақами 47 табобат гирифта истодааст. Қаблан вай дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешуд.
Тирпаронӣ ба мошини зиреҳпӯши Отамбоев: собиқ президент аз сӯиқасд гуфт-видеоҳо
Собиқ кишвардори Қирғизистон барои даст доштан дар раҳоии ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев барои 11 солу 2 моҳ равонаи зиндон шуд. Суди Олӣ ин ҳукмро бекор карда, парванда барои баррасии нав ба Суди ноҳияи Первомайский баргардонида шуд.