Осиёи Марказиро соли 2021 ҷанг фаро мегирад: пешгӯии коршинос

Коршиноси ҳарбӣ кишварҳоеро номбар кард, ки шояд дар соли ҷорӣ рӯбарӯи ҷанг қарор гиранд. Ба таъкиди ӯ, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон метавонад ба нуқтаи доғтарин табдил ёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Соли 2021 шояд барои чандин кишварҳо аз лиҳози амнияту субот нобарор шавад. Эҳтимолияти дар гирдоби ҷангу хунрезӣ қарор гирифтани якчанд давлатҳо мавҷуд аст, мегӯяд коршиноси рус Алексей Валюжевич.

Беҳтарин, аммо ноамн: нигоҳи Тоҷикистон ба даҳлези ҷодаии миёни Эрон ва Осиёи Миёна

Ӯ дар мусоҳиба бо "MK"  кишварҳоеро номбар кард, ки соли ҷорӣ рӯбарӯи ҷанг қарор мегиранд. Ба гуфтаи коршиноси ҳарбӣ , ҳарчанд соли гузашта бинобар муноқишаҳои гуногуни мазҳабӣ ва ҳамчунин бурузи маризии коронавирус хотирмон буд, аммо соли ҷорӣ шояд аз як соли гузашта душвортар шавад.

Коршинос мегӯяд, дар соли 2021 мавҷи хушунат танҳо афзоиш меёбаду оқибатҳои нохубро ба бор меорад.

Валюжевич, Афғонистонро ҳамчун яке аз минтақаҳои "гарм" ном бурд. Интизор меравад, ки дар соли 2021 аксари нерӯҳои эътилофи ИМА ва НАТО аз ин ҷо хориҷ мешаванд.

Сафири Русия: пойгоҳи 201 ба тамоми "сюрприз"-ҳои ҷангиёни афғон омода аст

Ба таъкиди ӯ, бо берун рафтани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон нуфузи ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия ва чанд кишвари дигар манӯъ аст, афзоиш меёбад.

Алалхусус, чунин вазъият барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарзо аст. Бе муболиға ҷанг дар марзи кишварҳое, чун Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад.

Тоҷикистону Афғонистон 1300 км марзи муштарак дорад. Вақтҳои охир, дар вилоятҳои ҳаммарз бо Афғонистон, ҳар ҳафта амалҳои террористӣ, задухӯрдҳо байни кормандони ҳарбӣ ва ҷангиён, аз ҷумла ҳаракати Толибон ба қайд гирифта мешавад.