Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Хушхабар: дар Тоҷикистон ягон маризи коронавирус намонд

Давоми чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон ягон мавориди фавт аз маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Аллакай чанд рӯз пайдарҳам ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон ба вируси COVID - 19 сабт нашудааст.

Хабари хуш дар соли 2021 аз вазорат: рӯзи гузашта ягон нафар гирифтори коронавирус нашуд

Вазорати тандурустӣ дар омори ахири эълоннамудааш зикр намудааст, ки шабонарӯзи гузашта низ дар Тоҷикистон фавту маризӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Теъдоди умумии дардмандон дар кишвар аз замони аввали хуруҷи ин маризӣ то рӯзи 13 январ, ба 13 308 нафар баробар аст, ки аз ин миён аллакай 13 218 нафар комилан шифоӣ ёфта, аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд.

Пешбинии вазир: коронавирус то тобистон дар Тоҷикистон нест мешавад

Феълан дар беморхонаҳои Тоҷикистон ягон маризи коронавирус намондааст.

Манбаъ меафзояд, аз аввали хуруҷи беморӣ 90 нафар дардмандони коронавирус ҷон аз даст доданд.