ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Муминов тибқи моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 10 сол равонаи зиндон гардид, хабар медиҳад Прокуратураи кишвар.
Ба иттилои манбаъ, Муминов Александр бо маслиҳати модараш барои нигоҳубини тағояш Холмурадов Темур Тодимурадовичи 70-сола, ки бинобар танҳою пиронсолӣ ба парасторӣ ниёз дошт, ба манзили истиқоматии якҳуҷрагиаш дар шаҳри Турсунзода рафта, аз аввали моҳи март то 6 октябри соли 2020 ӯро парасторӣ мекард.
Дар ин ҳангом, Холмурадов Темур бинобар бад будани вазъи саломатиаш манзили истиқоматиашро ба ҷияни дигараш Муминов Семён Джалилович, ки додари угайи Муминов Александр буда дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, ба таври нотариалӣ васият намудааст.
Куштор дар рӯзи ҷашни Соли нав дар Тоҷикистон
Манбаъ меафзояд, аз ин васиятнома Муминов Александр бохабар ва аз рафтори ба андешааш "ноодилона" - и тағояш ба ғазаб омада, дар ҳолати мастӣ бо ӯ вориди муноқиша шуд.
Додситонӣ мегӯяд, ӯ бо мақсади куштор аз гулӯи тағояш дошта, ба сару рӯйяш бо мушт ва пояи курсии оҳанин зарба зада, сипас бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонд.