Расонаҳо: рафтуомади автобус байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дубора барқарор мешавад

Ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тошканд, Бухоро, Самарқанд ва Тирмиз бо шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон дубора оғоз мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба зудӣ барқарор мешавад, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи "Тоҷ Вик".

Бино бар иттилои манбаъ, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон ахиран қонуни рушди гардишгарӣ дар ин кишварро имзо кард, ки бар асоси он ин кишвар ба зудӣ рафтуомади автобус бо шаҳрҳои Тоҷикистонро, ки ба далели густариши вируси корона мутаваққиф шуда буд, барқарор мекунад.

Гузаргоҳи нави марзӣ байни Суғду Ӯзбекистон

Бар асоси ин барнома, ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни Тошканд, Бухоро, Самарқанд ва Тирмиз бо шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон дубора оғоз мешавад.

"Ҳамчунин дар рӯзҳои наздик ҳаракати автобус миёни Ӯзбекистон бо ҷануби Қирғизистон аз тариқи қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон аз сар гирифта хоҳад шуд", - афзудааст манбаъ.

Тасмими Тоҷикистону Ӯзбекистон барои содагардонии интиқоли коло тавассути марз

Ин масири кӯтоҳ имкон медиҳад, ки мусофирон аз шаҳри Тошканд бо убур аз Хуҷанди Тоҷикистон ба маркази вилояти Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон мунтақил шаванд.

Ӯзбекистон аз моҳи майи соли 2020 ба далели густариши Ковид -19 ҳаракати васоили нақлиёт дар масирҳои заминӣ бо Тоҷикистону Қирғизистонро мутаваққиф карда буд.