Маросими савгандёдкунии раисҷумҳурони ИМА: аз Рейган то Трамп

Sputnik

Инаугуратсияи президенти Иёлоти Муттаҳида маросими ботантанаи савганд ёд кардани президент ва ноиби президенти Иёлоти Муттаҳида мебошад.

Аз рӯи анъана, он дар назди Капитолий дар Вашингтон дар назди мардум баргузор мешавад ва шумораи зиёди тамошобинонро бо ҳамроҳии суханронии асосии президент, ба муносибати он паради ботантана ва тӯб барпо мекунанд.

Трамп қисман гуноҳашро барои авҷи бетартибиҳо дар Амрико бар ӯҳда гирифт

То соли 1933, бо фарогирӣ, маросими савгандёдкунӣ 4 март ва пас аз ворид шудани тағйирот ба Конститутсия - 20 январ баргузор мешуд. Дар ҳолате, ки агар ноиби президент пас аз қатъи пеш аз муҳлати ваколати худ президент шавад, ӯ савганд ёд мекунад, аммо маросими оммавӣ баргузор намешавад.

Аввалин маросими савгандёдкунӣ 30 апрели соли 1789 дар толори федеролии Ню-Йорк баргузор гардид.

Дар пойтахти кунунии Иёлоти Муттаҳида - Вашингтон, маросими савгандёдкунӣ бори аввал 4 марти соли 1801, вақте, ки президент Томас Ҷефферсон ба кор шурӯъ кард, баргузор шуд.

Умеди барбодрафтаи Трамп: эътирози ҷонибдорони ӯ дар Конгресс - акс

Чорабинӣ дар ҷиноҳи Сенати Капитолий баргузор шуд. 4 марти 1825, Ҷон Куинси Адамс дар портики шарқии Капитолия савганди аввалини худро ёд кард. Ин анъана то 20 январи соли 1981 идома ёфт, вақте ки президент Роналд Рейган макони ифтитоҳро ба канори ғарбии Капитолия, ки аз он замон инҷониб дар онҷо баргузор мешавад, кӯчонд.

1 / 12
Президенти ИМА Роналд Рейган бо ҳамсараш Нэнси дар Capital Center дар Ландовер дар соли 1985.
2 / 12
Президенти ИМА Роналд Рейган бо ҳамсараш Нэнси дар рафти таҷлили аз нав интихоб шудани Рейган ба муҳлати дувум дар Вашингтон дар соли 1985.
3 / 12
Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ва ҳамсараш Барбара дар Вашингтон.
4 / 12
Президент Ҷорҷ Буш ва бонуи рақами 1 Барбара Буш бо издиҳом дар Вашингтон муошират мекунанд.
5 / 12
Президенти интихобшуда Билл Клинтон ва овозхон Чак Берри дар рафти шабнишинӣ дар Capital Center дар Ландовер.
6 / 12
Президент Билл Клинтон ва бонуи аввал Ҳиллори Клинтон дар рафти паради савгандёдкунӣ дар Вашингтон дар соли 1993.
7 / 12
Президенти ИМА Ҷорҷ Буш бо ҳамсараш Лоро дар бали савгандёдкунӣ Marriott Wardman дар Вашингтон.
8 / 12
Президенти интихобшуда Ҷорҷ Буш бо овозхон Рики Мартин дар рафти маросими савгандёдкунӣ дар соли 2011.
9 / 12
Раисҷумҳури ИМА Борак Обама дар рафти сӯҳбат бо овозхон Бейонсе дар рафти маросими савгандёдкунӣ дар Вашингтон.
10 / 12
Бонуи рақами як Мишел Обама дар рафти суҳбат бо муовини раисҷумҳур Ҷо Байден дар паради бахшида ба савгандёдкунӣ дар Вашингтон.
11 / 12
Президенти ИМА Доналд Трамп дар маросими савгандёдкунӣ дар Вашингтон.
12 / 12
Президенти ИМА Доналд Трамп ва бонуи аввали ИМА Мелания ва ноиби президент Майк Пенс бо ҳамсараш дар маросими савгандёдкунӣ дар Вашингштон.