Сафири тоҷик номаи Рустами Эмомалиро ба раиси маҷлиси Қувайт расонид

Ҳамчунин ба раиси Маҷлиси миллии Давлати Қувайт раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзод номаи табрикотӣ ирсол кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдзода номаи табрикотии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро ба Марзуқ Алӣ ал-Ғоним, ки тоза раиси Маҷлиси миллии Давлати Қувайт интихоб гардид, расонд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш додааст.

Амири нави Қувайт савганд ёд кард

Гуфта мешавад, чанде пеш, 10 январ раиси Маҷлиси миллии Давлати Қувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.

"Дар мулоқот ҷонибҳо тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ намуда, перомуни вазъияти минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд", - афзудааст вазорат.

Гуфта мешавад, ҳамчунин  сафир номаи табрикии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Марзуқ Алӣ ал-Ғоним ба муносибати аз нав интихоб гардидани ӯ ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Давлати Қувайт супорид.