Вазорати дифои Русия иттилоъ дод, ки шумори қурбониёни ин садама ба чаҳор нафар расид.
"Дар ҳоли ҳозир, чор нафар фавтидаанд - ду нафари аз фавтидагон новобаста аз кӯшишҳои пизишкон дар беморхона фавтидаанд, ду нафари дигар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Дар ҳоли ҳозир, шаш нафар дар беморхона бистарӣ шуданд. Ҳоло вазъи яке аз ин нафарон вазнин арзёбӣ мешавад", - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин манбаъ илова кард, ки маҷруҳшудагон ба беморхонаи ба номи А.В.Вишневский равон шуданд. Ҳамаи низомӣ мебошанд.
Маълум аст, ки боз 20 нафари маҷруҳшуда дар ин садама бо мошинҳои роҳгузар ба беморхонаи Красногорск бурда шуданд.
Аммо Дар навбати худ, ВКД –и Русия мушаххас кардааст, ки дар ин садама 15 нафар маҷруҳ шуданд.
Тибқи иттилои пешакӣ, ронандаи мошини боркаш, ҳангоми гардиш ба деҳаи Глухово дар шоҳроҳи М-9 "Балтия" аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада, ба корвони автобусҳои низомиён бархӯрдааст.
Ронандаи мошини боркаш осеби ҷиддӣ надидааст ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки автобусҳо ба маркази таълимии қисми низомии 83466 вазорати дифоъ таалуқ доранд.
Дар ҳоли ҳозир тафтишоти ин ҳодиса аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.