Беш аз 18 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд

Созмони Милал эълом кардааст, ки беш аз 18 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Милал (OCHA) бо интишори гузорише эълом кард, ки дар соли ҷорӣ 18 миллиону 400 ҳазор нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд, ки ин рақам дар муқоиса бо чаҳор соли қабл шаш баробар зиёд шудааст, иттилоъ додааст сомонаи хабарии “Парстудей” дар истинод ба хабаргузории “Ово”.

Беш аз 47 дарсади мардуми Афғонистон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд

Ёфтаҳои ин ниҳод нишон медиҳад, барои ҳифзи ҷони ҳудуди 16 миллион нафар дар Афғонистон ба як миллиарду 300 миллион доллар кумак ниёз аст.

Паёмадҳои чанд даҳа буҳрону ҷанг, вуқуи ҳаводиси табиӣ ва фишорҳои иқтисодиву иҷтимоии ношӣ аз густариши вируси корона сабаби афзоиши шумори ниёзмандон дар Афғонистон шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури муҳоҷирони Афғонистон эълом кардааст, ки ба далели афзоиши хушунатҳо хонаводаҳои зиёде дар сӣ вилояти кишвар маҷбур ба тарки манотиқи аслии сукунати худ шудаанд.

Ҳамчунин вазорати давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиӣ эълом кардааст, ки дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ ва шиддати хушунатҳо имсол 45 ҳазор хонавода дар Афғонистон овора шуданд.