Ҷаласаи якҷоя: рӯзи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумонро даъват кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи қарори имзокардаи Зокирзода, рӯзи 26 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Хароҷоти парлумон дар соли 2021 маълум шуд

Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад, хабар дод котиботи парлумон.

Расмӣ: Раҳмон суханронӣ дар парлумонро мавқуф гузошт

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштарак Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаашро ба парлумон ироа кунад. Ҳамасола раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён медорад.

Одатан паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон охири декабр сурат мегирифт, аммо паёми имсола ба моҳи январ гузаронда шуд.