Пешсафии ҳизби “Нур Отан”-и Назарбоев дар интихоботи парлумонии Қазоқистон

Натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар Қазоқистон нишон медиҳад, ки сокинони ин кишвар дар интихоботи парлумонӣ бештар аз ҳама ба ҳизби “Нур Отан” овоз доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Тибқи назарсанҷӣ, ҳизби ҳокими “Нур Отан” дар интихоботи парлумонии Қазоқистон, ки рӯзи 10 январ баргузор шуд, бо ба даст овардани 71,97 дарсад райъи мардум, пешсаф будааст.

Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури Қазоқистон ва раиси Ҳизби “Нур Отан” алакай аъзоёни ҳизбашро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард.

"Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки мардуми Қазоқистон ояндаро бо ҳизби мо мебинанд", - гуфт Назарбоев.

Гуфта шудааст, ки дар интихоботи гузашта ҷои дуюмро Ҳизби демократии "Ак Жол" (Роҳи нӯр) бо 10,18% ва ҷои сеюмро "Ҳизби халқии Қазоқистон" бо 9,03 дарсади овозҳо ишғол намудаанд.

Интихоботи парлумонӣ дар Қазоқистон: кадом аҳзоб барои қудрат рақобат дорад

Ҳамин тавр, аз панҷ ҳизбе, ки дар интихоботи парлумонӣ ширкат доштанд, се ҳизб тавонистанд ба парлумон роҳ ёбанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи марказии интихоботи Қазоқистон, дар интихоботи парлумонӣ дар соли 2021 беш аз 63 дарсад раъйдиҳандагон ширкат варзиданд.

Қарор аст, комиссияи интихоботӣ натиҷаҳои аввали интихоботро баъд аз зӯҳри имрӯз эълон намояд.

Баъд аз эълони натиҷаи интихоботи парлумонӣ кобинаи вазирони Қазоқистон ба истеъфо меравад ва нозирони байналмилалӣ – ҳайати САҲА ва нозирони ИДМ - дар бораи назорати интихобот нишастҳои матбуотӣ баргузор хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки дар рӯзи овоздиҳӣ дар шаҳри Алмаато як эътироз баргузор шуд, ки ширкаткунандагони он овоздиҳиро ғайриқонунӣ донистанд.