Коршинос дар бораи зарфиятҳои Ҷабборов барои ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон

Шарбатулло Содиқов, корманди илмии Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Маскави Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, роҳбари нави Қирғизистон аз ҳамтоёни пешинааш дар масъалаи марз пештар нахоҳад рафт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Содиқов мегӯяд, сарфи назар аз омодагии Содир Ҷабборов барои ҳалли масоили марзӣ эҳтимол аст, ки ӯ дар ин бахш аз ҳамтоёни қаблияш муваффақтар шавад.

Номаи эътирозии Тоҷикистон ба Қирғизистон барои тирпарронӣ дар марз

Бар асоси натиҷаҳои аввалияи интихоботи раисиҷумҳур дар Қирғизистон, Содир Ҷабборов дар пайи ҳисоби варақаҳои 98 дарсади нуктаҳои раъйдиҳӣ қариб 80 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Бархе аз роҳбарони кишварҳои хориҷӣ аллакай Ҷабборовро бо пирӯзияш шодбош гуфтанд.

Содиқов мегӯяд, чунин пешсафӣ аз нуфузи зиёди роҳбари нав шаҳодат медиҳаду умеде ба ҳалли масоилро ба вуҷуд меорад. Аммо ӯ зикр кард, ки музокироту созишҳо дар гузашта низ буданд ва амалан чизе тағйир наёфт, мунтазам боз тирпарониҳо сурат мегирифтанд.

Коршинос зикр кард, ки баъзан мақомот имзо мекунанду мардум бо тасмими онҳо розӣ нест, баъзан ҳама розӣ, санадҳо имзо мешаванд, аммо чанде баъд боз танишҳо сар мезананд.

“Ба назар мерасад, нерӯҳои сеюме ҳам ҷой доранд, ки хоҳишманди ҳалли масъала нестанд. Барои ин қатъӣ гуфтан, ки масъалаи марзӣ ҳал мешавад, хеле мушкил аст”, - изҳор дошт Содиқов.