Ба шарофати фикри худ, пиронсолон дар яке аз хонаҳои пиронсолони Итолиё худро танҳо эҳсос намекунанд. ОНҳо тариқи "ҳуҷра "- и вижа бо хешу ақрабо дидорбинӣ мекунанд.
Пиронсолон бо хешу ақрабои худ дар дохили ҳуҷраи холӣ аз ҳаво дидорбинӣ мекунанд ва коронавирус ба вохӯрии онҳо монеъ намешавад, чун дидорбинӣ паси деворҳои беранг сурат мегирад.
Барои он ки пироснсолон тавонанд надикони худро ба оғӯш гиранд, барояшон сӯрохиҳои махсус омода шудааст.
Аз навор дида мешавад, чӣ гуна ҳатто пиронсолони маъюб ба дохили ҳуҷра медароянд ва бидуни ниқоб бо наздиконашон дидору суҳбат мекунанд.
Хубаш ин, ки деворҳои нарм даст медиҳад, ки дар чунин вазъияти вазнин зиндагӣ мардум падару модар ва бибию бобоҳояшонро аёдат карда, дастгирӣ менамоянд.