ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Хабарнигори Bloomberg Сэм Фасели далелҳоеро ном бурд, ки бовариро ба ваксинаи алайҳи коронавируси "Sputnik V" имконпазир месозанд.
Ба гуфти ӯ, Русия бо ин дору ба панҷгонаи кишварҳои истеҳсолкунандаи ваксин ворид мешавад, ки бо онҳо шартномаҳои фармоишии пешакӣ ба имзо расидаанд.
Журналист инчунин қайд кард, ки "Sputnik V" аз озмоишҳои клиникии марҳилаи III гузаштааст. Сатҳи самаранокии ваксина, ки дар ҳар як марҳилаи мобайнии таҳлили маълумот чен карда шудааст, дар ҳар се ҳолат аз 90 фоиз зиёд шуд. Ҳамзамон, ҳангоми санҷишҳо ягон ҳолати ҷараёни шадиди беморӣ ошкор карда нашудааст.
Дар идомаи мақолааш муаллиф инчунин ҳамкории ҷониби Русияро бо ширкати дорусозии Англия ва Шветсия AstraZeneca барои эҷоди ваксинаҳои якҷоя бо истифодаи компоненти "Sputnik V" қайд кардааст.
Ваксинаи коронавируси Русия "Sputnik V" рӯзи 11 август ба қайд гирифта шуд. Доруро олимони Маркази тадқиқотии электрохимияи Гамалея таҳия кардаанд.
Маълум аст, ки ваксина дар платформаи омӯхташуда ва санҷидашудаи векторҳои аденовируси инсон сохта шудааст, ки афзалиятҳои муҳими он бехатарӣ, самаранокӣ ва набудани оқибатҳои манфии дарозмуддат мебошанд.
Дар Иёлоти Муттаҳида, табибе пас аз гирифтани ваксина алайҳи коронавирус фавтид
То имрӯз дар Русия се ваксинаи зидди коронавирус таҳия шудааст. Пештар хабар дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2021, ҳамаи шаҳрвандони русия имкон доранд, яке аз се ваксинаи алайҳи COVID-19 -ро барои эмгузаронӣ интихоб кунанд.