Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Афзоиши теъдоди гирифторони COVID - 19 дар Ӯзбекистон

То 8 январи соли равон дар Ӯзбекистон шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 77572 расида, дар як шабонарӯзи охир 42 нафари дигар аз ин беморӣ сироят шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Теъдоди дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон дар давоми шабонарӯзи охир то 42 нафар бештар шуда ба 77572  баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти кишвар.

"Дар Ӯзбекистон, то 8 январ, шумораи гирифторон ба сирояти коронавирус 77.572 (+42) -ро ташкил медиҳад", - омадааст дар изҳороти Вазорати тандурустӣ дар канали Telegram.

Дар давоми рӯзи гузашта, як марги дигар низ ба қайд гирифта шуд, ки шумораи умумии фавтидагонро дар кишвар ба 617 нафар баробар кард.

Афзоиши фавт аз Covid-19 дар Бритониё: омори коронавирус дар ҷаҳон

Тибқи иттилои вазорат, шумораи умумии одамоне, ки аз коронавирус дар Ӯзбекистон шифо ёфтанд, то ба 77014 нафар афзудааст 67 нафар рӯзи шанбе, 72 нафар рӯзи ҷумъа ва 116 нафар рӯзи панҷшанбе аз беморхонаҳо ҷавоб шудаанд.

Ҳоло 941 нафар беморони COVID-19 табобат мегиранд, аз ҷумла 157 нафар - дар ҳолати вазнини миёна ва31 кас - дар ҳолати вазнин.

Дар моҳҳои октябр-ноябр шумораи беморони коронавирус пас аз афзоиш дар моҳи сентябр аз 600-700 то 200 дар як рӯз коҳиш ёфт ва аз он вақт инҷониб рӯ ба таназзул аст.

Кадом маводи ғизоӣ ба беморони COVID - 19 зарар дораду кадом фоида

Нахустин афзоиши шумораи гиримфторони COVID-19 дар кишвар моҳи июли соли 2020 ба қайд гирифта шуд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Чин ба иллати афзоиш ёфтани ҳолатҳои коронавирус ҷорӣ кардани маҳдудиятҳоро дар шаҳрҳо идома медиҳад. Дар тӯли як ҳафта дар минтақаи Ҳубей334 ҳолат ошкор карда шуд, ки аз он 197 ҳолаташ бидуни нишона буд.